1 Декабр 2025 - 14:27
Source: ABNA
Ҷасадҳои 10 ҳазор шаҳиди фаластинӣ зери оворҳои Ғазза боқӣ мондааст

Як масъули фаластинӣ ба боқӣ мондани ҷасадҳои 10 ҳазор шаҳид зери оворҳои навори Ғазза ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Шаҳоб, Маҳмуд Басал, сухангӯи ниҳоди дифои шаҳрии навори Ғазза, эълом кард, ки талошҳо барои берун овардани ҷасадҳои шаҳидон аз зери овор натиҷабахш набудааст.

Вай илова кард: Ҳеҷ таҷҳизоти вижае барои берун овардани ҷасадҳои шаҳидон ва оварбардорӣ вориди навори Ғазза нашудааст. Мо танҳо бо як дастгоҳ дар ҳоли кор ҳастем ва баъд аз итмоми кор дар минтақаи марказӣ ё манотиқи ҷанубӣ, ба сароғи шаҳри Ғазза ва манотиқи шимолӣ меравем.

Басал тасреҳ кард: Танҳо як дастгоҳ барои оварбардорӣ ба ҳеҷ унвон кофӣ нест. Ҳанӯз 10 ҳазор ҷасад зери овори ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза боқӣ мондааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси тавофуқи оташбас қарор буд режими саҳюнистӣ роҳро барои вуруди таҷҳизоти оварбардорӣ ба навори Ғазза боз кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha